Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуданд


Дар Пекин мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Чин Чжао Чжиюан баргузор шуд.
Дар Пекин мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Чжиюан баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, оид ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷойгиршавӣ ва фаъолияти самарабахши намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Душанбе ва Пекин, инчунин таҳкими пояи моддию техникӣ ва инфрасохтории онҳо гуфтугӯ шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»