Дар Суғд риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ шуд


Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо намояндагон ва кормандони соҳаи хизматрасонӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он риояи меъёрҳои санитарӣ, ҳолати ҷойҳои хизматрасонӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ баррасӣ шуд.
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо намояндагон ва кормандони соҳаи хизматрасонӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагон ва кормандони ҳуҷраҳои маҳсгароӣ, марказҳо ва ҳуҷраҳои косметологӣ, инчунин кошонаҳои ҳусн иштирок намуда, масъалаҳои риояи қоидаву меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, таъмини муҳити солими хизматрасонӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки истифодаи дурусти асбобу таҷҳизот, безараргардонӣ, тозагӣ ва риояи беҳдошти шахсӣ барои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ аҳамияти муҳим дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»