Дар Нуробод ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ шуд


Дар ҷараёни сафари кории Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод як қатор иншооти нав ба истифода дода шуд.
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт, дар ноҳияи Нуробод якчанд иншооти таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳия бинои иловагии таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нав бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд шуда, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фарогирии бештари хонандагон ба таълим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи иттилоъ, бинои иловагӣ имконият медиҳад, ки беш аз 200 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»