Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!», ки ба муносибати Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон баргузор шуд, дар Душанбе маросими қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» доир гардид. Озмун барои ҳавасмандгардонии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва тақвияти нақши бахши хусусӣ дар иқтисоди кишвар баргузор шудааст.
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!», ки ба муносибати Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» доир гардид. Ҳадафи озмун ҳавасмандгардонии ташаббусҳои муваффақи соҳибкорӣ, рушди фаъолияти тиҷоратӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои ватанӣ ва эътирофи саҳми бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Ғолибон аз рӯи 16 номинатсия дар соҳаҳои калидии иқтисодиёт, аз ҷумла бонкдорӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, сохтмон, рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, савдо ва хизматрасонӣ муайян карда шуданд. Ҷоизаҳо ба ғолибон аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуданд. Озмун ҳамчун чорабинии калидии Форуми «Тоҷикистон, ба пеш!» арзёбӣ мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»