Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд


Бо ташаббуси Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд.
Бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Федератсияи Русия, роҳбарони муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷик дар минтақаҳои Ҳавзаи федералии Приволжия, инчунин ҳамватанон иштирок намуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Фаридун Файзуллозода аҳамияти таърихии истиқлоли давлатиро таъкид кард. Дар чорабинӣ ҳамчунин ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол, рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва нақши он дар масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик ва намоишгоҳи фарҳанг ва мероси миллии тоҷикон баргузор шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»