«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дода шуд


Дар маросими сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар Душанбе «Шоҳҷоиза» ба филми таърихии муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» супурда шуд.
19 октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор гардид.
«Шоҳҷоиза» ба коргардонҳо Файзулло Файз ва Дилмурод Масаидов барои таҳияи филми таърихии муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон — «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дода шуд. Дар маросим синамогарон аз Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Русия ва Беларус, инчунин меҳмонон ва дӯстдорони синамои тоҷик иштирок карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»