Эмомалӣ Раҳмон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Муҳаммадризо Ориф, ноиби якуми президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.
19 октябри 2026 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби якуми президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфт. Вай барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар чаҳорчӯби СҲШ ишора карданд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон муҳим будани иштироки Ҷумҳурии Исломии Эронро дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай таъкид кард.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон