Шиноварони Тоҷикистон ба Бозиҳои осиёии «Aichi-Nagoya 2026» дар Ҷопон мераванд


15 сентябр Рамазон Раҳимзода бо шиноварони тими миллии Тоҷикистон пеш аз сафар ба Бозиҳои осиёии 2026 мулоқот кард.
15 сентябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пеш аз сафар ба варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бозиҳои XX Осиёии «Aichi–Nagoya 2026» мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо шиноварони дастаи мунтахаби Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои дарпешистода, сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва равонии онҳо, инчунин аҳамияти иштироки шоиста дар яке аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии қитъаи Осиё баррасӣ гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»