Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд


Дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лесото баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатиро имзо карданд.
23-09-2026 хабаргузории давлатии «Ховар» иттилоъ дод, ки 22 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Лимфо Ҷастис Тау, вазири корҳои хориҷӣ ва равобити байналмилалии Подшоҳии Лесото, баргузор шуд.
Дар анҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ Баёнияи муштаракро оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»