Ҳайати Тоҷикистон бо имкониятҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳи технологии Ланчжоу шинос шуд


Ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Даврон Сафарзода аз чанд воҳиди илмӣ ва таълимии Донишгоҳи технологии Ланчжоуи Чин боздид кард.
22 сентябри 2026 хабаргузории «Ховар» навишт, ки ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректор Даврон Сафарзода аз як қатор воҳидҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳи технологии Ланчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид анҷом дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳайат аз Осорхонаи таърихи донишгоҳ, Институти инноватсия ва соҳибкорӣ (Институти «Хунлю»), биноҳои таълимии Институти адабиёт, Маркази MBA-и Институти иқтисод ва идоракунӣ, инчунин Платформаи маҷмӯии моделсозии амалиёти ҳуқуқии Институти ҳуқуқ дидан кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»