Дар ҷумҳурӣ барои имрӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ҳарорат то 35 дараҷа мерасад.
ДУШАНБЕ, 2026-09-14 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст ва дар баъзе минтақаҳои шарқӣ бориши борон эҳтимол дорад. Дар ғарби вилоят ҳарорати ҳаво шабона 8-13 дараҷа ва рӯзона 24-29 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 31-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе мавзеъҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»