35 соли истиқлоли давлатии Тоҷикистон: дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд


Хабаргузории «Ховар» менависад, ки дар 35 соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи обуҳавошиносӣ низ тадриҷан рушд карда, дар таъмини амнияти аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ ҷойгоҳи муҳим пайдо кардааст.
«Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ин соҳа дар баробари дигар бахшҳои муҳими кишвар марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки дар шароити кунунӣ, бо назардошти тағйирёбии иқлим, афзоиши басомади зуҳуроти хатарноки табиӣ ва дигар тағйироти муҳити зист, аҳамияти фаъолияти обуҳавошиносӣ боз ҳам бештар мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди иқтидори соҳа, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»