Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония ёддошти тафоҳум ба имзо расид


Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Ҷумҳурии Эстония ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории дуҷониба имзо шуд.
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Ҷумҳурии Эстония ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Санад дар доираи рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот, илм ва сайёҳӣ ба хотири таҳкими робитаҳои илмӣ ва академӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, рушди ҳамкории таълимӣ ва густариши муносибатҳои судманд байни ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба имзо расидааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»