ВарзишМанбаи тоҷикӣ
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Ҷоми байналмилалии АвруОсиё медали тилло гирифт

Санаи нашр:
Хулоса ва заминаи хабар
Ҷаҳонгир Камолов дар мусобиқаи байналмилалии бокс миёни ҷавонон дар Читаи Русия ҷойи аввалро гирифт.
Дар шаҳри Читаи Федератсияи Русия мусобиқаи байналмилалии бокс миёни варзишгарони ҷавон баргузор шуд. Ҷаҳонгир Камолов, дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс»-и шаҳри Душанбе, дар ин мусобиқа натиҷаи баланд нишон дода, медали тилло гирифт.
Ба иттилои ин муассисаи давлатӣ, варзишгари тоҷик дар панҷ қувваозмоӣ пирӯз шуда, мақоми аввалро соҳиб гардид.
