Дар Лондон масъалаҳои марбут ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ шуданд


16 сентябри 2026 дар Лондон вазири молияи Тоҷикистон бо намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкории оянда, аз ҷумла энергетика, интиқоли барқ, навсозии шабакаҳо ва коҳиши талафоти барқ, гуфтугӯ кард.
16 сентябри 2026 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори бахши инфрасохтори устувори минтақаи АвруОсиёи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Екатерина Мирошник баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории ояндаро баррасӣ карданд. Ба соҳаи энергетика бо дарназардошти нақши калидии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди саноат, инчунин ба масъалаҳои интиқоли барқ, навсозии шабакаҳо ва коҳиш додани талафоти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»