Тақвияти ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ шуд


Дар Душанбе роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Шурои Британия дар самтҳои фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди касбии мутахассисон ва табодули таҷриба дар бахши осорхонавӣ баррасӣ гардид.
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо роҳбари намояндагии Шурои Британияи Кабир дар Узбекистон, директори кластер барои минтақаи Осиёи Марказӣ Майкл Ҳоулет (Michael Howlett), ва намояндагони ҷониби Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе матраҳ шуд.
Ҳамчунин дар бораи самтҳои фаъолияти байналмилалии Осорхонаи миллӣ, аз ҷумла баргузории намоишгоҳҳо дар кишварҳои хориҷӣ ва омодагӣ ба намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари мероси нодир» дар Осорхонаи тамаддуни шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия маълумот дода шуд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»