Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот карданд


Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо омӯзгорон ва донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Пенза мулоқот карданд. Дар суҳбат масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, саноат, сиёсати давлатии ҷавонон ва аҳамияти дониш, технология ва зеҳни сунъӣ матраҳ шуд.
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пензаи Федератсияи Русия бо омӯзгорон ва донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Пенза мулоқот намуданд.
Дар мулоқот раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза Олимҷон Шеров дар бораи солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», иҷрои «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд. Дар анҷом ба донишҷӯёни тоҷик тавсия дода шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши зеҳни сунъӣ, забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илму технологияҳои муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»