Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Президенти Тоҷикистон барои ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар ҷашни 35-солагии истиқлол ба ноҳияи Фархор ташриф овард.
4 October Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо шодиву сурур ва муҳаббату самимияти бепоён пешвоз гирифтанд.
Аз ҷониби аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз инъикос мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»