Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб


5 октябр, дар ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб, корхонаи ҶДММ Тоҷик-Алмос дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ба истифода дода шуд.
Корхонаи нав бо саҳми соҳибкори ватанӣ Хайриддин Бобоев бунёд шудааст ва барои рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии минтақа ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ замина мегузорад.
Дар ин корхона истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ, ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоту дастгоҳҳо пурра аз хориҷи кишвар ворид гардидаанд ва мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби коршиносони хориҷӣ омӯзонида шудаанд. Дар корхона асосан занони хонашин аз маҳаллаҳои гирду атроф ба кор ҷалб шудаанд.
Ба Сарвари давлат маълум шуд, ки иқтидори солонаи истеҳсолӣ 700 ҳазор дона мебошад ва дар марҳилаи фаъолияти пурраи истеҳсолӣ имкони истеҳсоли зиёда аз 150 номгӯи ҳавотозакунак пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки 20 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст ва марҳилаи дуюм дар муҳлати як сол бо 30 ҷойи кори дигар ва иқтидори солонаи 400 ҳазор маҳсулот роҳандозӣ мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»