22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин ба муносибати баргузор шудани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани бомуваффақияти интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русияро рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар арзёбӣ карда, иштироки фаъоли шаҳрвандон ва натиҷаҳои онро нишонаи пуштибонии васеи ҷомеа аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Президенти Русия номиданд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин азми худро барои нигоҳ доштани сатҳи баланди рушди муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар руҳияи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ таъкид намуда, ба Владимир Путин саломатӣ ва комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми Русия сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти рӯзафзун таманно карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»