Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Ин гузориши тақвимӣ рӯйдодҳои 16 октябрро дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ёдовар мешавад, аз ҷумла ба кор даромадани як корхона дар Бӯстони вилояти Суғд дар соли 2013, имзои эъломияи муштараки Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Душанбе дар соли 2014 ва оғози фаъолияти як ширкат дар Гулистон дар соли 2020.
16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.
16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид. Дар ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии «United World» мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон посух доданд.
Ҳамчунин 16 октябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғоз бахшиданд. Ин рӯз дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик низ ёд мешавад.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»