Дар Душанбе баррасӣ ва интихоби филмҳои беҳтарин барои Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» оғоз шудааст. Озмун аз 15 то 20 октябри 2026 ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик баргузор мешавад.
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре «Тоҷикфилм» хабар дод, Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» аз 15 то 20 октябри 2026 дар Душанбе доир мегардад.
Қариб 100 филми бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва асарҳои истеҳсоли муштарак, ки дар солҳои 2024-2025 офарида шудаанд, барои иштирок дар озмун пешниҳод гардидаанд. Ҳайати ҳакамон ба баррасӣ ва арзёбии ин филмҳо оғоз намуда, ба сатҳи касбии коргардонӣ, мазмун, сенария, ҳунари актёрӣ, наворбардорӣ ва ҳалли бадеӣ таваҷҷуҳ мекунад.
Мақсади баргузории синамоҷоиза муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, дастгирии истеъдодҳои ҷавон, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино ва муаррифии Душанбе ҳамчун маркази муҳими фарҳангӣ ва муколамаи тамаддунҳо мебошад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон