Душанбе, 31.10.2026. /АМИТ «Ховар»/ — Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун ба дарозии 70 километр навсозӣ мешавад ва қарор аст бо тамоми инфрасохтори зарурӣ дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода шавад.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки АМИТ «Ховар» ба он истинод мекунад, роҳ аз ду хати ҳаракат дар ду самт иборат буда, паҳноии қисми ҳаракат 10–12 метр ва паҳноии канори он 2.5 метрро ташкил хоҳад дод.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ, инчунин бунёди роҳҳои пиёдагард ба дарозии умумии 16 600 метр, насби 1850 аломати роҳ, 1500 метр панҷараҳои муҳофизатии парапетӣ ва иҷрои корҳои дигари муҳандисиву инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.
Барқарорсозии ин роҳ ба таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол, сарфаи вақт ва сӯзишворӣ ҳангоми интиқоли молу маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»