Дар мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ҳайати нави Бонки ҷаҳонӣ рақамикунонии бозори меҳнат, «Барномаи фарогирии иқтисодӣ» ва касбомӯзӣ баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-09. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳайати навбатии миссияи Бонки ҷаҳонӣ мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ масъалаҳои рақамикунонии соҳаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, татбиқи «Барномаи фарогирии иқтисодӣ» ва раванди касбомӯзӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин раванди татбиқи қисми дуюми «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»-и назди вазоратро муҳокима карданд. Таъкид шуд, ки лоиҳа ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконоти бештар барои иштироки аҳолӣ дар равандҳои иқтисодӣ равона шудааст.
Зикр гардид, ки ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва тақвияти ҳамкории ҷонибҳо барои татбиқи босифат ва саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда муҳим аст. Ҳамчунин омодагӣ ба идомаи ҳамкории созанда ва иҷрои самараноки ҳадафҳои лоиҳа изҳор шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»