6 октябри 2026 /Ховар/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳӣ бозии сеюми дӯстонаи худро баргузор мекунад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ мунтахаби Чин мебошад, ки дар рейтинги кунунии ФИФА ҷойи 94-умро ишғол мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи Longxing Football Stadium-и шаҳри Чунтсин соати 19:35 ба вақти маҳаллӣ (16:35 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дастаҳои миллӣ қаблан панҷ маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Аз ин бозиҳо Чин дар се вохӯрӣ пирӯз шуда, ду дидори дигар бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст. Вохӯрии охирин дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар баргузор шуда, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта буд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»