Дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалии «Бабри барфӣ - мероси табиии кӯҳистон» баргузор шуд. Дар он аҳамияти ҳифзи бабри барфӣ дар ВМКБ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зисти он баррасӣ гардид.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конфронс масъалаҳои марбут ба ҳифзи бабри барфӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зисти он ва тақвияти ҳамкорӣ барои нигоҳдории ин ҳайвони нодир муҳокима шуданд.
Таъкид шуд, ки 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд. Ҳамчунин зикр гардид, ки 23 октябр Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ мебошад ва ин ҳайвон дар 20 қаторкӯҳ, аз ҷумла Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз ва Вахон паҳн шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»