Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
23 сентябр дар Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, оид ба дастовардҳои рушд, лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ сухан гуфтанд.
23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Сарвари давлат сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилоятро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Зикр шуд, ки ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар се рӯзи охир 43 иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимиву тиббӣ ва иншооти хизматрасонӣ бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуданд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 40 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи вилоят равона шудааст. Дар ҳудуди вилоят беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 24 лоиҳаи дигар идома дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»