Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ шуданд


Дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси миллӣ оид ба ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони хориҷ аз кишвар ба рушди давлат баргузор шуд.
Дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси миллӣ таҳти унвони «Ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони хориҷ аз кишвар ҳамчун шарик дар рушди давлат» баргузор гардид. Дар ин бора ба НИАТ «Ховар» аз вазорат хабар доданд.
Тибқи иттилоъ, ҳадафи конфронс фароҳам овардани заминаи мусоид барои гуфтугӯ, таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва муайян кардани роҳҳои нави ҷалби зарфияти диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди устувори кишвар буд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»