Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои модар» дар шаҳри Хоруғ


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
27 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба ВМКБ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст.
Боғ дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрав ҷойгир буда, бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми волои Модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши бузурги ӯ дар тарбияи фарзандону ободии ҷомеа сохта шудааст. Гузоштани муҷассамаи Модар дар ин мавзеъ рамзи эҳтиром ба муқаддасоти инсонӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҳудуди боғ чор суҳбаткада сохта шуда, майдон сабзу гулкорӣ ва пурра чароғон шудааст, то барои истироҳат ва сайругашти сокинон ва меҳмонон шароити муносиб фароҳам орад.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»