Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд


Намояндагони Тоҷикистон дар Рим дар Конфронси глобалии FAO оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ иштирок карданд.
21 сентябри 2026 дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иштирок намуданд. Дар конфронси сатҳи баланд масъалаҳои татбиқи амалии равиши «Солимии ягона», таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, пешгирии хавфҳо ба саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист ва роҳҳои таъмини истеҳсолоти бехатару устувори озуқаворӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»