Ифтитоҳи маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед» дар шаҳри Ваҳдат


24 October, President of Tajikistan Emomali Rahmon visited Vahdat to familiarise himself with living conditions and open several festive facilities, including the new diagnostic and treatment centre «Lormed».
Маркази нави тандурустӣ аз ҷониби соҳибкор Сулеймон Алиев бунёд шуда, дорои 25 кат мебошад. Дар он шароит барои ташхис ва табобат муҳайё гардидааст.
Тибқи иттилоъ, дар марказ 25 ҷойи корӣ таъсис ёфта, ҷавонони донишманду соҳибтаҷриба барои фаъолият ҷалб шудаанд. Таҷҳизоти ташхису ҷарроҳӣ аз Россия, Корея, Ҷопон ва Чин оварда шудааст.
Дар марказ ҳуҷраҳои рентген, физиотерапия, бастабандӣ, доругузаронӣ ва утоқи кории табибон мавҷуд аст. Ҳамчунин ду синфхона барои курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва баланд бардоштани дониши тиббии аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»