Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
28-29 октябри 2026 дар шаҳри Бангкок Конфронси панҷуми вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд. Дар он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро Аминҷон Гулаҳмадзода намояндагӣ кард.
28-29 октябри 2026 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд Конфронси панҷуми вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Аминҷон Гулаҳмадзода намояндагӣ намуд.
Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, конфронс бо ташаббуси Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил шуда, дар он намояндагони 30 давлати узв, муассисаҳои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Аминҷон Гулаҳмадзода дар мавзуи истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои ояндаи устувор ва фарогир тавассути таҳкими ҳамкории минтақавӣ маъруза намуд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки мушоҳидаҳои моҳвораӣ, зондкунии фосилавии Замин ва зеҳни сунъӣ барои мониторинги захираҳои об, омӯзиши ҳолати пиряхҳо, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд. Ҳамчунин маҷмуаи «Таҷрибаҳои геофазоӣ барои рушди устувор дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ — 2026» муаррифӣ гардид, ки таҷрибаи Тоҷикистонро дар самтҳои пешгӯии обхезиҳо, мониторинги кӯлҳои пиряхӣ ва низомҳои огоҳонии барвақт инъикос мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»