Дар Душанбе ба ифтихори 15-умин солгарди таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳамоиш баргузор гардид. Дар он ин ташкили ҷавонон ҳамчун мактаби ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ арзёбӣ шуд.
Дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» дар Душанбе ба муносибати 15-умин солгарди таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «15 соли созандагӣ: аз ташаббус то амал ва аз ҷавонӣ то оянда» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 ин ташкилотро бо ҳадафи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ таъсис додааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки «Созандагони Ватан» дар 15 соли фаъолият бо баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, илмию амалӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва оммавию варзишӣ худро ҳамчун мактаби бузурги ватандӯстиву худшиносӣ муаррифӣ намуда, ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»