Ифтитоҳи марҳилаи дуюми корхонаи металлургии Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол


21 сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чинро ба истифода дод.
Тибқи иттилоъи расмӣ, ин марҳила бо дастури Президенти Тоҷикистон сохта шуда, дар он бо ҷалби 250 коргари маҳаллӣ ва хориҷӣ ва истифодаи технологияи насли нав 4 намуди маҳсулоти дорои арзиши баланд истеҳсол мешавад.
Аз кони Зарнисор консентрати сурбу нуқра, миси штейнӣ ва тилло ба ин корхона дастрас ва коркард мегардад. Маҳсулоти тайёр ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот пешбинӣ шудааст. Қобилияти солонаи истеҳсолот 30 ҳазор тонна сурби холис, 1000 тонна миси штейнӣ, 40 тонна нуқраи холис ва 100 килограм тиллои холис гуфта шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»