Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути eKhizmat.tj расмӣ мешаванд


Аз 15 сентябри соли 2026 талонҳои электронии муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт танҳо тавассути портали ягонаи eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд.
Душанбе, 14.09.2026. Шуруъ аз 15.09.2026 талонҳои (варақаҳои) муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт дар шакли электронӣ танҳо тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд. Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт тағйир намеёбад.
Муоинаи воситаи нақлиёт минбаъд низ ба таври ҳузурӣ дар нуқтаи ташхисии Бозрасии давлатии автомобилӣ гузаронида мешавад. Тавассути портали ягона танҳо ҳуҷҷати ниҳоӣ — талони электронӣ (варақа) ба расмият дароварда мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»