Дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ки аз 15 то 20 октябр дар Душанбе мегузарад, рӯзҳои кинои Эрон оғоз шуданд.
Дар шаҳри Душанбе, дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд. Ба иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», дар кинотеатри «Наврӯз»-и пойтахт филми эронии «Дар оғӯши дарахт» ба намоиш гузошта шуд.
Ҳамчунин филмҳои «Сипеҳри Эрон» ва «Қиморбоз» низ ба тамошобинон пешниҳод мешаванд. Таъкид шудааст, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон, густариши муколамаи эҷодӣ ва табодули таҷриба байни синамогарони ду кишвар нақши муҳим доранд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»