Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии ИДМ баррасӣ шуд


Дар ҷаласаи Шурои экологии ИДМ намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Русия ба таври маҷозӣ масъалаҳои идоракунии партовҳо, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рушди фарҳанги экологӣ ва тарзи ҳаёти экологиро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба идоракунии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва рушди фарҳанги экологӣ баррасӣ шуд.
Иштирокдорон ҳамчунин мавзуъҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз ва даврӣ, нобудсозии бехатари пеститсидҳои кӯҳна ва дигар масъалаҳои мубрами экологиро муҳокима карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»