Омодагӣ ба зимистон. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин шудаанд


Мақомоти шаҳри Роғун гуфтанд, ки муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳр барои мавсими тирамоҳу зимистони 2026-2027 бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин шудаанд.
РОҒУН, 2026-09-23 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд.
Дар муассисаҳои таълимӣ захиранамоии 393.5 тонна ангишт, 204 метри мураббаъ ҳезум ва 2525 литр сӯзишворӣ, дар соҳаи тандурустӣ 36 тонна ангишт, 36 метри мураббаъ ҳезум ва 400 литр сӯзишворӣ барои мавсими тирамоҳу зимистон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин муддат муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ пурра бо ангишт ва ҳезум таъмин карда шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»