Боздид аз чойхонаи Сирдарё ва сар додани 1 миллион моҳича ба дарёи Сир


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
22 сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан карда, сипас 1 миллион моҳича ба дарёи Сир сар доданд.
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё, ки ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ шудааст, боздид намуданд.
Чойхона дар соҳили чапи дарёи Сир дар масоҳати 2 741 метри мураббаъ аз нав барқарор гардида, фармоишгари он Корхонаи давлатии коммуналии Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон пешсаф» мебошад. Дар ороиши бино наққошӣ, гаҷкорӣ ва кандакорӣ бо услуби меъмории миллӣ ва муосир истифода шудааст.
Сипас Роҳбари давлат барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд. Моҳичаҳо аз навъҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ буда, дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»