Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
24 октябри 2026 Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ карданд. Ба гуфтаи масъулон, корхона барои афзоиши истеҳсол, содирот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дурнамо дорад.
24 октябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори содиротии хоҷагӣ то охири соли 2026 ба 300 тонна мерасад ва дар соли 2027 расондани он ба 1000 тонна дар як сол пешбинӣ шудааст. Гуфта шуд, ки то имрӯз ширкат 120 тонна моҳии яхкардашударо ба Федератсияи Русия содир кардааст ва барои содирот ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Маҷористон ва Англия, гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
Дар коргоҳи нав 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи марҳилаи дуюм ва сардхонаи 300-тоннаӣ, Президенти Тоҷикистон барои оғози сохтмон асос гузоштанд. Тибқи гузориш, ширкат ният дорад фаъолияти парвариш ва коркарди моҳиро васеъ намуда, содиротро афзоиш диҳад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»