Президенти Тоҷикистон ба муносибати фарорасии ҷашни Меҳргон ин ойини бостониро ба мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ шодбош гуфта, ба робитаи он бо фарҳанг, кишоварзӣ ва худшиносии миллӣ таъкид кард.
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни пурқиммати бостонии Меҳргонро самимона ба ҳамаи шумо табрик мегӯям. Меҳргон бар асоси қонунҳои табиат ва фаслҳои сол ташаккул ёфта, бо соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткорӣ, пайванд дорад ва дар фасли тирамоҳи заррин ва мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил мешавад. Ниёгони мо ҳазорсолаҳо қабл ин ҷашнро ҳамчун ойини фаровонии ҳосил ва осоиши рӯзгор медонистанд.
Меҳргон дар тӯли таърихи деринаи худ рамзи бедорӣ, фарҳангсолорӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати кишоварзон, истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат ва шукргузорӣ аз файзу баракати фасли тирамоҳ буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамасола ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба рукни худшиносии фарҳангӣ ва эҳёи анъанаҳои таърихии мардум табдил ёфтааст.
Дар паём таъкид шудааст, ки ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати соҳибфарҳанг ва дорои тамаддуни қадима нақши муҳим доштаанд. Президент изҳор кардааст, ки Меҳргон бояд бештар ба ҳаёти имрӯза пайваста шуда, ба омили рушди фарҳанг, маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва иқтисоди миллӣ табдил ёбад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»