Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини амнияти авиатсионии авиатсияи гражданӣ баргузор шуд


Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини амнияти авиатсионии авиатсияи граждании Тоҷикистон бо иштироки мақомоти давлатӣ баргузор гардид.
Ба гузориши «Ховар», 18-09-2026 дар Агентии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини амнияти авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода доир гардид.
Дар оғози ҷаласа директори Агентии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар бораи низоми таъмини амнияти авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»