Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳншавии файлҳои зараровар бо формати .apk тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ҳушдор дода, аз шаҳрвандон хост, ки дар истифодаи хизматрасониҳои бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошанд.
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои Telegram ва WhatsApp ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати .apk-ро паҳн менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, чунин файлҳо метавонанд таҳти ниқоби барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо, даъватнома ба тӯй, аксҳо ё дигар маълумот ирсол шаванд. Боргирӣ ва насби чунин файлҳо метавонад ба қаллобон имкони дастрасӣ ба телефони мобилӣ, маълумоти шахсӣ, паёмакҳои SMS, замимабарномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониро фароҳам оварда, боиси тасарруфи маблағҳои пулӣ гардад.
Бо мақсади ҳифзи маблағ ва маълумоти шахсӣ Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки файлҳои формати .apk-ро, ки тавассути Telegram, WhatsApp ё дигар манбаъҳои номаълум ва санҷиданашуда ирсол мешаванд, ҳеҷ гоҳ боргирӣ ва насб накунед, ба пайвандҳои шубҳанок, ки тавассути паёмрасонҳо, SMS-паёмак ё почтаи электронӣ ирсол мешаванд, ворид нашавед, PIN-рамз, гузарвожа, рамзи якдафъаинаи SMS ва дигар маълумоти бонкии худро ба ҳеҷ кас надиҳед. Агар файли шубҳанокро аллакай насб карда бошед ё гумон кунед, ки маълумоти бонкии шумо ба шахсони бегона дастрас шудааст, фавран ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиат намоед.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»