Оғози ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Душанбе


Дар Душанбе барои нахустин бор ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд. Дар он намояндагони беш аз 20 давлати аъзо иштирок доранд ва ҷаласа то 27 сентябр идома меёбад.
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз гардид.
Дар кори ҷаласа Дабири кулл ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону ҳайатҳои парламентии беш аз 20 давлати аъзои созмон, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Бутан, Шоҳигарии Баҳрайн, Шоҳигарии Камбоҷа, Қатар, Бангладеш, Индонезия, Кипр, Покистон, Туркия, Умон, Чин, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Русия иштирок доранд.
Ҷаласа идомаи иштироки фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё мебошад. Он ба таҳкими муколамаи байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиё ва баррасии муштараки масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст. Ёдовар мешаванд, ки ҷаласа то 27 сентябр идома меёбад ва дар доираи он масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»