Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
5 октябр 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев вохӯрӣ доир гардид.
Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон, дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба аъзои даста дар бозиҳои дарпешистода комёбӣ орзу кард.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани бозиҳои дӯстона ба Салтанати Умон сафар кардааст ва қарор аст бо дастаи мунтахаби олимпии футболи ин кишвар бозӣҳои дӯстона анҷом диҳад. Бозии мазкур 6 октябр дар шаҳри Масқат баргузор мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»