Дар пойтахт ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисҳои тантанавӣ ва ҷамъомади фарҳангӣ баргузор мегарданд.
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба ин муносибат дар ноҳияҳои шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ва дар Боғи Парчами давлатӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор мегардад. Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг — сабз, сафед ва сурх иборат буда, маънои онҳо ба сарсабзӣ, роҳи сафед, хушбахтӣ, иқболи наку, озодӣ ва мустақилият иртибот дорад. Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»