Дар Тоҷикистон амалиёти «Автобус» барои пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт оғоз шуд


Аз 14 то 23 сентябри 2026 дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи чорабиниҳои мақсадноки «Назорат», амалиёти «Автобус» ҷараён дорад.
Душанбе, 15.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Аз 14 то 23 сентябри 2026 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои мақсадноки нақшавии «Назорат» амалиёти «Автобус» гузаронда мешавад. Дар ин бора ба НИАТ «Ховар» дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, беҳтар кардани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва таъмин намудани риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»