Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 1.4 миллиард сомонӣ 986 муассисаи таълимӣ барои 470 ҳазор хонанда сохта ва ба истифода дода шудааст.
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 1.4 миллиард сомонӣ 986 муассисаи таълимӣ барои 470 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Чунин иттилоъ 23 сентябр зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд садо дод.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо таҷҳизоти муосир ба беҳтар шудани сифати таълим ва тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат мекунад. Ҳамчунин зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ин давра шумораи муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мунтазам афзоиш ёфтааст.
Имрӯз дар вилоят 315 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 54 ҳазор кӯдак ва дар 724 маркази инкишофи кӯдак зиёда аз 27 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар идомаи суханронӣ гуфта шуд, ки танҳо дар 14 соли охир аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 4300 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат қабул гардидаанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»