Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Душанбе, 2026-09-17 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, рӯзноманигорон, блогерон ва дигар намояндагони ВАО, инчунин ҷалби коршиносони мустақил барои тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии кишвар озмун эълон кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз кумита хабар доданд, озмун барои густариши хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ баргузор мешавад.
Озмун таҳти унвони «Discover Tajikistan» аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин роҳбалад», «Беҳтарин блогер ва пешниҳоди навоварӣ дар асоси зеҳни сунъӣ», «Беҳтарин рӯзноманигори сайёҳӣ» ва «Беҳтарин ролики сайёҳӣ» баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ак. Раҷабовҳо, 3, ё тавассути телефонҳои (+992 37) 227 87 72, 227 84 90 муроҷиат намоянд. Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 2026-10-15 муқаррар шудааст. Ғолибон бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»