Мутахассисони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳамкории Донишгоҳи Фрибург дар ағбаи Харгуш корҳои саҳроии геофизикӣ анҷом дода, мавҷудияти яхбандии бисёрсоларо муайян карданд.
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Донишгоҳи Фрибург дар ҳудуди ағбаи Харгуши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои илмӣ-таҳқиқотии саҳроии геофизикӣ анҷом доданд.
Таҳқиқот бо мақсади татбиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ», инчунин дар доираи нақшаи баргузории экспедитсияҳои ин муассиса гузаронида шуд. Ҳадаф аз муайян намудани мавҷудият, чуқурии ҷойгиршавӣ ва хусусияти паҳншавии қабатҳои яхбандии бисёрсола дар минтақа иборат буд.
Дар натиҷаи таҳқиқоти анҷомдода мавҷудияти яхбандии бисёрсола ё абадӣ дар ҳудуди ағбаи Харгуш муайян гардид. Маълумоти ҷамъоваришуда барои муайян намудани ҳолати кунунӣ, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва ташкили низоми мониторинги дарозмуддат истифода хоҳад шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»